​Семинар дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

Дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров” семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гашт.

Мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Каримбой Комилов маҳфилро оғоз намуда, баргузории онро баҳри дарёфти муҳаққиқони ҷавон ва таҳқиқу баррасии масъалаҳои гуногуни журналистика муҳим хонд. Баъдан сармуаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Манзура Ҳомидова дар мавзӯи “Мавқеъи тафаккур ва идрок дар осори Фазлиддин Муҳаммадиев” маърӯза карда, нақши осори мондагори адиби шинохтаро дар густариши афкору андеша муассир хонд.

Унвонҷӯи кафедра Осим Носиров дар мавзӯъи “Масъалаҳои адабиёт ва нақд дар осори Баҳридин Азизӣ ” маърӯза карда,иброз дошт, ки Баҳриддин Азизӣ яке аз публитсистони шинохтаи асри ХХ буда, масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии замони худро ба таври возеҳ ба қалам додааст.

Ҳамчунин, дар семинари илмӣ-назариявӣ масоили риояи этикаи касбӣ дар ВАО, таҳаввули жанрҳои журналисти дар даврони Истиқлолият, густариши журналистикаи чандрасонаӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ