​“Нерӯи сухан”: баррасии жанри мақола ва махсусиятҳои он

Ин навбат ба аъзоёни маҳфили “Нерӯи сухан” махсусиятҳои жанри мақола ва талаботҳои асосии ин жанр омӯзонида шуд.

Дилбар Самадова, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ба иштирокчиён доир ба меъёрҳои навиштани жанри мақола маълумот дод.

Гуфта шуд, ки мақола ба гуруҳи жанрҳои таҳлилӣ мансуб буда, дар меҳвари он таҳлил қарор мегирад.

Ба аъзоёни маҳфил иттилоъ дода шуд, ки муҳаққиқи журналитикаи тоҷик Иброҳим Усмонов ба мақола чунин формуларо нисбат додааст: ақида+факт+факт+таҳлил = мақола.

Ҳамзамон, дар доираи маҳфил намунаҳои жанри мақола аз нашрияҳои даврӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфили “Нерӯи сухан” давоми моҳ ду маротиба доир гардида, ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими маҳорати нигорандагӣ ва эҷодии донишҷӯён мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки соли равон ба маҳфил аз тамоми факултетҳои донишгоҳ донишҷӯён ҷалб гардида, то имрӯз беш аз 100 маводи аъзоён оид ба раванди фаъолияти донишгоҳ нашр шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ