​Донишҷӯёни хориҷӣ аз имкониятҳои лабораторияҳо шинос шуданд

Бо ташаббуси кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ дарси лексионӣ баргузор гардид.

Ин ташаббус дар доираи эълон шудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба роҳ монда шуд.

Донишҷӯён дар раванди дарс бо имкониятҳои лабораторияи факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ шинос шуданд.

Ҳамзамон, дар доираи дарс аз ҷониби мудири кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ дотсент Сайдуллоев Умедҷон оид ба таҷҳизотҳои алоқаи мобилӣ ва системаҳои коммуникатсионӣ маълумоти мухтасар дода шуд.

Гузашта аз ин, донишҷӯёни хориҷӣ перомуни мавзӯи мавриди матраҳ суолу ҷавоб намуда, дониши худро мустаҳкам намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ