Ғолибони озмуни "Докторанти сол-2020" тақдиронида шуданд

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносиии озмуни “Докторанти сол-2020”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Оқилбой Оқилов – докторанти соли сеюми факултети забонҳои Шарқ сазовори мақоми аввал гардид.

Ҷойи дуюмнасиби Зарринахон Дӯстматова– докторанти соли сеюми факултети филологияи рус ва Исмоил Мӯминов–докторанти соли сеюми факултети филологияи тоҷик сазовори мақоми ифтихории баъдӣ гаштанд. Ғолибон бо диплом ва мукофоти пулӣ тақдиронида шуданд.

Тазаккур бояд дод, ки дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ айни ҳол 1 нафар докторанти низоми анъанавӣ, 18 нафар аспирант, 119 нафар докторант (РhD) ва 177 нафар унвонҷӯ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф бо корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғуланд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ