​Ваҳдат - саодати халқ

Перомуни ин мавзуъ бо ҷалби донишҷӯёни тамоми факултетҳои донишгоҳ мулоқот гузаронида шуд. Ин иқдом дар партави дастури ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода роҳандозӣ гардид. Мақсад аз ташкили чунин вохӯрӣ баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва худшиносии донишҷӯён унвон мешавад.

Дар доираи мулоқот, ки бо иштироки устодони пешқадами донишгоҳ сурат гирифт, доир ба роҳи тайнамудаи тоҷикон ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ, таърихи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, масъалаҳои марбут ба ҳифзи ваҳдати миллӣ баррасӣ шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқотҳои мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбия профессор Аюбҷон Усмонов ширкат намуда, доир ба мавзӯи мавриди назар ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди нодири халқи тамаддунофари тоҷик маҳсуб ёфта, ин неъмати бебаҳо ба осонӣ ба даст наомадааст.


Аз донишҷӯён даъват гардид, ки ба арзишҳои миллӣ арҷ гузошта, баҳри ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол, аз ҷумла Ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд.

Тазаккур бояд дод, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ силсилаи иқдоми муҳиму муфид идома дорад, ки ташкили чунин мулоқотҳо аз зумраи онҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ