​Донишҷӯён дар корхонаи тиллотозакунӣ таҷриба меомӯзанд

Дар факултети забонҳои шарқ бо намояндагони корхонаи нави тиллотозакунӣ дар ноҳияи Айнӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ декани факултети забонҳои шарқ дотсент Раҳимов Ислом, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо, директори Институти Конфутсий назди Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Рен Генг Тян, мудири шӯъбаи кадрҳои корхонаи нави тиллотозакунӣ дар ноҳияи Айнӣ Джу Гуочао ва донишҷӯёни ихтисоси забонҳои муосири хориҷӣ (забонҳои хитойӣ ва англисӣ) иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи шартномаи байни Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Корхонаи тиллотозакунӣ дар ноҳияи Айнӣ минбаъд таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ҳамин корхона хоҳад гузашт. Гузашта аз ин, донишҷӯёни хоҳишманд, ки дорои сертификатҳои HSK4, HSK5 ва HSK6 ҳастанд, бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Гуфта шуд, ки таҷрибаомӯзон ҳар моҳ бо маблағи 1000 сомонӣ, ҷойи хоб ва 3 маҳал хӯрок таъмин карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳар сол таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён дар ҶДММ “Хуаксин”-и шаҳри Истиқлол, Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, Роҳи оҳан, Институти Конфутсий дар шаҳри Бӯстон, осорхонаи “25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешуд. Акнун барои донишҷӯён гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба таври воқеӣ дар Корхонаи тиллотозакунӣ дар ноҳияи Айнӣ муяссар ва дастрас гардид. Донишҷӯён бо роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ба корхонаи мазкур равона хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ