​Мулоқоти Пешвои миллат - туҳфаи олӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон

Аз файзи суботи кишвар ва самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таъмини шароити мусоиду арзандаи зиндагӣ ва фаъолияти намояндагони ин қишри ҷомеа тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешавад.

Аз ҷумла, эълон шудани моҳвораи ҷавонӣ, таҷлили мутантани Рӯзи ҷавонон дар саросари мамлакат аз зумраи чунин ташаббусҳои наҷиб аст. Ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон як қатор иқдоми судманд ба роҳ монда мешавад. Ташкили конфронсу ҳамоишҳо, семинарҳои омӯзишӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишй, дави миллӣ, таъсиси ҷоиза ва ҷомҳои гуногун дар самти варзиш, олимпиадаҳои фаннӣ, сол то сол зиёд шудани доираи гирандагони стипендияи Президентӣ, таъсиси квотаҳои мухталиф аз ҷумлаи ҳамин иқдомоти созанда аст, ки дар меҳвари он дастгирии насли ҷавон қарор дорад.

Хурсандибахш аст, ки имсол ба муносибати Рӯзи ҷавонон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар ташкил гардид.

Роҳбари давлат зимни мулоқот ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуда, аз ҷавонон ташаббускорӣ ва зиракии сиёсиро даъват намуданд.

Гуфта шуд, ки дар замони муосир ва шароити феълӣ арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии шуморо фаро гирад.

"Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама, ба зиммаи шумо - ҷавонон вогузор аст. Шумо бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед"- таъкид намуданд Пешвои миллат.

Воқеан ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд.

Аз ин рӯ, мо - ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошем, ки моро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд.

Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.

Ҷавононе, ки воқеан Ватани худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд.

Ояндаи неку обод, зиндагии тинҷу осудаҳолона ва оромию осудагии кишвар бевосита ба худи мо - ҷавонон вобаста аст.

Президенти кишвар ба мо, ҷавонон таъкид намуданд, ки "Шумо бояд фирефтаи таблиғоти бадхоҳони миллати тоҷик нагардед, аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, огоҳу зирак ва бедору солимфикр бошед. Ин гарави ободии Ватану осудагии кишвар, шарти муҳими тинҷию амонии мамлакат, омили асосии беҳшавии зиндагии наслҳои имрӯзу оянда ва пойдории амнияти ҷомеа ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо мебошад".

Мо, ҷавонон бояд дарк намоем, ки барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш дорем. Гузашта аз ин, мо, намояндагони ин табақаи фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошем, талаботи замонро пайваста эҳсос намоем, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонем, аз таҷрибаи пешбурди иқтисоду идоракунӣ воқиф гардем, манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ ҳимоя карда тавонем.

Мулоқоти Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон далели таваҷҷӯҳи хоси Роҳбари давлат нисбат ба мо, ҷавонон маҳсуб ёфта, ин ҳама ташаббусҳо тақозо мекунад, ки ҷиҳати сазовор будан сипари боэътимоди Ватан ва пешбару пешсафи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бошед.

Мирзосодиқ Сангинов - омӯзгори факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ