​7 медали варзишгарони донишгоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ

Як қатор донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук иштирок ва қувваозмоӣ карданд.

Мусобиқа санаҳои 23-25-уми сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҷалби беш аз 300 нафар варзишгарон аз 10 давлати Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯи курси 5-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ Пронженко Леонид аз рӯйи се намуд – эстафета (4х100 метр), дав, эстафета (4х400) ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб гардид.

Омӯзгори кафедраи варзиш ва методикаи таълим Пронженко Александр аз рӯи намуди эстафета 4х100 метр ҷойи аввал, аз рӯи намуди дав ҷойи сеюм ва аз рӯи намуди эстафета (4х400 метр) низ ҷойи сеюмро соҳиб гардид.

Ҳамзамон, донишҷӯи курси 5-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ Мирзозода Мухаммадризо аз рӯи намуди эстафета 4х400 метр сазовори мақоми сеюм гардид.

Дар маҷмуъ, варзишгарони донишгоҳ 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ