​Таҷлили Рӯзи Ғалаба: аз ҳамоиш то чорабинии фарҳангӣ

Ҷиҳати гиромидошти заҳмату хидматҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тамоми факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаи чорабиниҳои гуногун ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом конфронс, озмун, чорабиниҳои фарҳангӣ, дарси кушод ва дигар анвои маъракаҳои муҳиму хотирмон баргузор гардид.



Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз роҳандозии чунин ибтикорот, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба хидмтаҳои иштирокчиёни ҶБВ ва сазовор таҷлил намудани солгарди Ғалаба бар фашизм мебошад.

P.s. Аксҳо аз рафти таҷлили рӯзи Ғалаба дар донишгоҳ

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ