Бо Пешвои миллат ба пеш

Паём ва баромадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, муайян месозад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Паёму баромадҳояшон моҳият, мақсаду вазифаҳо дар марҳилаи нави таъриҳӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад.

Дар яке аз Паёмҳои солҳои пешин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, “Тоҷикистон аз давлатҳои мутараққии ҷаҳон 60- сол ақиб мондааст”, аммо мо мардуми меҳнатдӯсту меҳанпараст дар муддати кӯтоҳ тавонистем ин марҳиларо аз байн барем.

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли Истиқлолият ин пеш аз ҳамабарқарор намудани сулҳу суботи комил, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки маҳз бо шрофати хирадмандонаву сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

Мо мардуми хушбахти айёмем, зеро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона умр ба сар мебарем. Ва бароямон тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд.

Ҳам дар илму таълим, ҳам дар касбу ҳунар тамоми лавозимотҳои техникаи муосир мавҷуданд, ки садҳо маротиба кори моро осон намудааст. Дар ҷоямон нишастатариқи телефону интернет бо тамоми олам сӯҳбат мекунем ва мебинем, аз охирин хабарҳои ҷаҳон ошнои пайдо мекунем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори даврони муосир номидан мумкин аст. Зеро ташаббусу накӯкорӣ, саховатмандиҳои ин сарвари бузург ҳадду канор надорад. Чуноне, дар урфият мегӯянд; “Чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.

Мо ҷомеаи омӯзгорон ҷавобан ба ин накӯкорию саховатмандӣ, дастгириҳои сарвари азизамон бикӯшем ва суннатҳои неки миллиро идома бахшида, диёри биҳиштосоямонро боз ҳам ободу зеботар гардонида, барои наслҳои ояндаамон мерос гузорем, то ки онҳо низ дар оянда дар фазои ободу осоишта умр ба сар баранд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ