Ба таваҷҷуҳи довталабон!

Ба таваҷҷуҳи довталабони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров расонида мешавад, ки нафароне, ки ба озмуни тақсимоти довталабон роҳ ёфтаанд, бояд то санаи 5-уми август, соати 17:00 ба комиссияи қабули донишгоҳ воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин 135- факултети тарбияи ҷисмонӣ, (шафати беморхонаи шаҳрии рақами 1 (горбольница) ҳуҷҷатҳои хешро пешниҳод намоянд. Дар ҳолати то санаи зикргардида пешниҳод насохтани ҳуҷҷат ва номнавис нагаштан, довталаби аз озмун гузашта ҳамчун нафари ҳозирнашуда ҳисобида шуда, ҷойи аз ин ҳисоб холимонда ба озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешавад.

Хамчунин довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти аввал роҳ ёфтаву бо сабаби узрнок (беморӣ, таваллуди фарзанд ва ғайра) имкони шахсан пешниҳод кардани ҳуҷҷатро надоранд, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда волидайн ё шахсони наздик метавонанд дастрас намоянд.

Довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаву бе сабабҳои узрнок ба комиссияи қабул ҳозир намешаванд, ҳуқуқи ба озмуни тақсимоти такрорӣ ширкат варзиданро надоранд.

Довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаву ба ягон интихобашон нагузаштаанд, дар давраи аз 11 то 14-уми август метавонанд ба марказҳои бақайдгирӣ аз нав муроҷиат карда, дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоянд.

Довталабон вазифадоранд ба комиссияи қабули донишгоҳ бо сару либоси расмӣ хозир шуда, нафарони тариқи шартномавӣ дохилшуда маблағи таҳсилро бояд пардохт намоянд.

Телефон барои тамос:

+992 92 708-41-47

+992 91 700-40-00

+992 93 550-40-00

+992 92 644-31-60

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ