Баргузории семинари "Хазинаи ҳикмат”
Дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” семинари илмии “Хазинаи ҳикмат” доир гашт.
Дар семинар намоянда аз филиали Донишгоҳи давлатии технологӣ ва идоракунии Москав бо номи К.Г.Разумовского, доктори илмҳои фалсафа, профессор Рауф Гайсинович Садыков ва устодони донишгоҳ ширкат варзиданд.
Аспирантону унвонҷӯёни кафедра доир ба асотир дар инкишофи шуури омма ва дигаргуншавии ҷамъият, ахлоқ аз нуқтаи назари Қутбиддини Шерозӣ ва дигар масоил маъруза ва дар ин замина табодули афкор намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил