​ДДХ: Бунёди боғи интенсивии шафтолу ва зардолу дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”

Субҳи панҷуми декабр, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва доираи васеи устодону кормандони донишгоҳ бо мақсади ошноӣ бо корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ аз минтиқаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” дидан намуданд.

Дар ин рӯз 100 бех ниҳоли интенсивии шафтолу ва зардолу шинонида шуда, ба масоҳати 0,20 га боғи нав бунёд гашт. Ҳамчунин бо истифда аз як киломтер қубури 76 дематрӣ ба боғи навбунёд об бароварда шуд.

Хотирнишон менамоем, ки минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо масоҳати 25,9 гектар дар ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, шумораи дарахтони мевадиҳанда 15 намудро ташкил медиҳад.

Дар минтақа 2700 бех ангур, 250 бех зардолу, 150 бех олу, 30 бех себ, 30 бех анҷир, 60 бех шафтолу, 200 бех биҳӣ, 500 бех анор, 100 бех бодом, 20 бех гелос, 5 бех чӯмоқ, 40 бех хурмо ва 500 бех корлик ва 100 адад дарахтони сояафкан парвариш мешаванд.

Тибқи иттилои мавҷуда, давоми соли ҷорӣ 8 443 кг анвои гуногуни мева аз минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба даст оварда шудааст.

Ректори донишгоҳ, ба масъулин ҷиҳати шинонидани дарахтони ба шароиту иқлим мувофиқ, зиёд намудани ҳосили дарахтони мевадиҳанда, истифодаи самараноки замин ва корҳои ободонӣ дар минтақа дастуру супоришоти судманд ироа намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ