​ДДХ: Пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрӣ бо донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабинӣ ба масъалаи “Пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ” бахшида шуда, дар он муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои таърих, профессор Аюб Усмонов, устодони донишгоҳ – дотсент Шавкат Шарипов ва дотсент Ӯғулой Умаралиева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои таърих Аюб Усмонов вохӯриро ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки чорабинии имрӯза дар лаҳзаҳое баргузор мегардад, ки мо зери таассуроти амиқ аз Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Сарвари давлат дар Паёми худ мардуми кишвар, махсусан ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ даъват намуда, таъкид доштанд, ки “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.” Дар ин замина, баргузории вохӯрии мазкур хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Сипас, роҷеъ ба масъалаи “Пешгирии зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм ва таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонон” дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология - Шавкат Шарифов баромад намуда, баён дошт, ки “Созмону гуруҳҳои тафриқаангез бештар бо истифода аз ҳар гуна роҳҳо байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд”.

Илова гардид, ки воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст.

Дотсент Ӯғулой Умаралиева дар суханронии хеш аз воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта ва оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мисолҳои мушаххас оварда, ҷавононро ба дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзу гиромидошти дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ