​Мизи мудаввар: Саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ

Дар кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити факултети молия ва иқтисодиёти бозори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар намояндагони ташкилотҳои ҶДММ “Аудит-калсантинг”, ҶДММ “Ҷавонӣ” ва ҶДММ “Адл консалтинг” ширкат варзида, доир ба масоили “Муаммоҳои баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудит дар саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ: назария ва амалия” музокира намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гаштани саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амри саривақтӣ ва муҳим буда, ин тадбир ба иқтидору имконоти маҳсулоти ватанӣ такон бахшида, боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ