​Тренинг: Пешгирии ифротгароӣ ва низоъ дар хонавода

Дар хобгоҳи №1-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тренинг дар мавзӯи "Пешгирии ифротгароӣ ва низоъ дар хонавода" баргузор гардид.

Дар он Муқаддас Шодибоева - сармутахассиси шуъбаи кор занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Фаридун Ҳодибоев - сардори маркази иттилот ва таҳлил, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, Зулфиниссо Раҷабова - роҳбари маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ” ва Заррина Рустамова - мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ иштирок намуданд.

Номзади илмҳои фалсафа, дотсент Фаридун Ҳодибоев доир ба масоили ”Пешгирии ифротгароӣ ва низоъ дар оила” барои иштирокдорон тренинг гузашт. Номбурда доир ба мустаҳкамӣ ва пойдории оилаҳои ҷавон дар раванди ҷаҳонишавӣ сухан карда, баён дошт, ки дар ин росто, анъана, хусусият ва фарҳанги оиладории миллӣ метавонад, ҳамчун омили муҳим баҳри рафъи ҳарчи бештари низои хонаводагӣ ва решакан намудани падидаҳои номатлуб аз қабили ифротгароӣ нақши муассир дошта бошад.

Дар идома иштирокдорон доир ба мушкилот ва сабабҳои ба вуҷуд омадани низоихонаводагӣ ва омилҳои гароиши ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ байни ҳам табодули афкор намуданд.

Сипас донишҷӯён дар саҳначаҳои таълимиву тарбиявӣ, ки фарогири масъалаҳои оиладорӣ ва муносибати хонаводагӣ буд, ба намоиш гузошта шуд.

Донишҷӯён дар тренинг, музокираи масоили мавриди зикр ва намоиши саҳнаҳои ҷолиб фаъолона ширакат намуда, доир ба рафъи падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ва шеваҳои мубориза бо он ибрози назар намуда, дар ин замина табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ