​ “Тулӯи эҷод” – маҳфили нав дар назди “Нури маърифат”

Дар назди нашрияи донишгоҳии “Нури маърифат” маҳфили эҷодии “Тулӯи эҷод” таъсис ёфт.

Ҳайати Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ҷаласаи навбатии худ пешниҳоди таъсиси маҳфилро дастгирӣ намуда, дар ин бора қарори дахлдор қабул карда шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба фаъолияти маҳфил барор хоста, таъкид кард, ки минбаъд маҳфили нав баробари тақвият бахшидани фаъолияти эҷодии қаламкашони ҷавон, дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи донишгоҳ ва мақоми чопии он – нашрияи “Нури маърифат” мусоидат хоҳанд кард.

Хотирасон мешавем, ки нашрияи “Нури маърифат” тайи беш аз 50 соли фаъолияташ ба як мактаби бузурги омодасозии рӯзноманигорон табдил ёфтааст. Даҳҳо нафар рӯзноманигорони соҳибтаҷрибаву соҳибном, ки имрӯз дар васоити ахбори умуми гуногун фаъолияти созанда доранд, аз мактаби нашрияи мазкур сабақ гирифта, ин даргоҳ зиннаи камолот ва мактаби такмили таҷрибаву маҳоратро мемонад ва ҳадафи аслии маҳфили “Тулӯи эҷод” заминагузорӣ ба мактаби эҷододии насли нав мебошад.

Аз рӯи мушоҳидаҳо байни донишҷӯён ҷавонони болаёқат, ки ба қаламфарсоӣ завқу шавқи беандоза доранд, хеле зиёданд. Маҳфили мазкур баҳри самаранок истифода бурдани ин нерӯ, ки минбаъд он мактаби эҷодии навқаламонро мемонад, хидмат хоҳад намуд, таъкид мекунанд, ҳайати эҷодии нашрияи “Нури маърифат”.

Маҳфили “Тулӯи эҷод” рисолати сарҷамъсозӣ, раҳнамоии эҷодкорони ҷавонро ба ҷо оварда, дар беҳбудии сатҳу сифати эҷодии онҳо мусоидат хоҳад намуд. Ҳадафи асосии маҳфил баланд бардоштани сатҳи касбӣ, омода кардани ҷавонони эҷодкор, пурра ва ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии донишгоҳ маҳсуб мешавад.

Маҳфил аз моҳи май ба фаъолият шурӯъ мекунад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ