​Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз Рӯзи матбуоти тоҷик мутантан таҷлил намуданд. Дар чорабинии тантанавӣ, ки ба муносибати солгарди 109 – уми нашри аввалин шумораи рӯзномаи сирф миллии тоҷикӣ - “Бухорои Шариф” баргузор гардид, собиқадорони матбуот, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлативу хусусӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат намуданд.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода аҳли қаламро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, аз нақшу мақоми матбуот ва нерӯи сухан таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки воситаҳои ахбори омма, хусусан матбуоти даврӣ ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири амиқ расонида, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд.

Ҷамшед Ҷӯразода саҳму хидмати намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти ҷомеа арзишманд унвон намуда, ҳавасмандии донишгоҳро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд бо аҳли қалам ва густариши ин равобит зикр дошт.

Табрикоти Раиси вилоятро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расонид.

Дар бораи ибтикороти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати рушди журналистикаи тоҷик, аз ҷумла таъсиси як қатор ихтисосҳои рӯзноманигорӣ Раиси Суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳом Ҷамолиён ибрози назар намуд.

Ба ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати саҳми назаррас дар рушди журналистикаи тоҷик ва омода намудани кадрҳои лаёқатманди рӯзноманигорӣ Сипосномаи Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода супорида шуд.

Ҳамзамон, наздик 30 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ қадр шуда, ба як қатор ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ дар самти рӯзноманигорӣ диплому ифтихорнома тақдим гардид.

Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби устодону донишҷӯёни факултети санъати донишгоҳ ба чорабинӣ ҳусни бештар эҳдо намуда, табъи аҳли қаламро болида намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ