Паём меҳвари пешбарандаи ҷомеа

«Тамоми ҳастии худамро анна барои ҳамин мардум, барои ҳамин сарзамин, барои давлати аждодӣ, ободию сарсабзӣ, барои боз ҳам дар арсаи байналмилалӣ бардоштани обруи ана ҳамин мардум бахшидам».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар миллат барои пешрафти мурдуму давлаташ ба шахсиятҳои боэътимод ниёз дорад. Ва ҳамин шахсиятҳо барои ояндаи миллатҳо нақши боризу калидӣ мебозанд, Хушбахтона, Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмончунин шахсиятро дорад. Воқеан ҳам дар ҳаёти чамъияти-сиёсӣ, иктисоди-ичтимоии халқи кишвар Паём ҳачун чароғи фурӯзон, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амали шудани накшаю вазифаҳои гузошташудаи имрузу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳези ва пешниҳод намудааст. Паёми Ҷаноби Олии, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон дар заминаи ғояҳои пурмазмун асос ёфта, кисми чудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба хисоб рафта, чомеаро ба кору фаъолияти пурмахсулу самарабахш даъвату хидоят менамояд. Дар Паёми навбатииПешвои муаззами миллат, тамоми масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсуроти беандоза ҷазобу роҳнамоикунандаи Паём карор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Яке аз хусусиятхои хос ва фарккунандаи Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат дар он аст, ки дар вазъияти фавқулодаи ба амал омада ҷомеаро ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва коршиносӣ даъват ва роҳнамои менамояд. Дар ҳамин асос ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Махсусан Сарвари давлат қайд намудани, ки соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он гардиданд

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда буданд, ки ин иқдом ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон заминаи хуби илмиро фароҳам овардааст. Ҳамчунин Сарвари давлат дар Паёми навбати худ қайд намуданд, ки барои дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи илмҳои риёзиву, дақиқ ва табии олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон соли 2021 баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм –фурӯғи маърифат» супориш дода шуд.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо бароибаланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Ҳамчунин боо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод карда шуд, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад. Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия ва корбари намоянд.

Ҳамчунин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки кушиш намоем, ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст. Зеро Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Самандар Тоҳириёнмутахассиси пешбари шӯбаи тарбияи МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Абдухаллилов Дониёр муаллими кафедраи “Ҳуқуқшиносӣ”

.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ