Донишҷӯи донишгоҳ "Беҳтарин донандаи Кодекси андоз" эълон гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни раёсати андози вилояти Суғд, ки таҳти унвони "Маданияти андозсупорӣ - баҳои бофарҳанги ҷомеа" эълон гардид, иштирок намуда, сазовори мақоми ифтихорӣ шуданд.
Аз ҷумла, Рашидова Зарринахон, донишҷӯи факултети иқтисодӣ дар озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияи "Беҳтарин донандаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ширкат намуда, мақоми дуюмро соҳиб гардид.
Маросими ҷамъбастии озмуни мазкур дар толори раёсати андози вилоят бо иштироки масъулини ин ниҳод ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Ҳамзамон, ба Нуриддинова Манзура, декани факултети иқтисодии донишгоҳ ҷиҳати саҳми арзишманд дар ташкил ва баргузор намудани озмуни болозикр Сипосномаи Раёсати андози вилоят супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил