​ДДХ: Факултети беҳтарин дар таҳияи хабар муайян гардид

Дар чорабинии тантанавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик Озмуни донишгоҳии “Килки заррин” ҷамъбаст ва ғолибон қадр шуданд.

Аз рӯйи номинаи “Факултети беҳтарин дар таҳияи хабар“ дар соли 2020 факултетҳои филологияи тоҷик, геоэкология, таърих ва ҳуқуқ се мақоми ифтихориро соҳиб гардиданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ғолибонро бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида, зикр намуд, ки Озмуни донишгоҳии “Килки заррин” минбаъд низ такмил ёфта, ҳар сол дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст ва ғолибон қадр карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ