Иштироки устодони донишгоҳ дар конфронси байналмилалӣ

Масоили таълими инклюзивӣ дар Осиёи Марказӣ зимни конфронси байналмилалӣ, ки дирӯз тариқи онлайн доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар конфронси мазкур намоянда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Мадина Сиддиқова иштирок намуд.

Конфронс дар доираи лоиҳаи хурди байналмилалии “Таълими инклюзивӣ дар Осиёи Марказӣ” аз рӯйи нақшаи Донишгоҳи педагогии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Маврид ба зикр аст, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо лоиҳаи хурди байналмилалии “Таълими инклюзивӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти фонди “Смайл КдЖ” ва сармоягузории “American Councils in Kazahstan” татбиқ мешавад, шуруъ аз моҳи апрели соли равон инҷониб ҳамкориҳои судманд дорад.

Мақсади асосии лоиҳа ин рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар Осиёи Марказӣ унвон мешавад.

Гуфта мешавад, ки мақолаҳои устодони донишгоҳ дар маҷмӯаи маколаҳо ва дастурамал оид ба таълими инклюзивӣ, ки дар ҳоли таҳия қарор дорад, интишор мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ