Ҳолатҳои ошкоршавии амалҳои коррупсионӣ
Дар толори раёсати донишгоҳ бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо Сардори шуъбаи пешгирии ҷиноятҳои коррупсионии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мутавалиён Шоира Абдувалӣ ва нозири шуъбаи пешгирии ҷиноятҳои коррупсионии вилоят Назариён Восилбек Қурбон вохӯрӣ баргузор гардид.
Ноибректор оид ба тарбия Рухсора Давлатзода дар оғози вохӯрӣ мақсаду ҳадафи нишастро пешгирии омилҳои корупсионӣ дар донишгоҳ хонда мубориза бо ин амали номатлубро аз мақсадҳои асосии ин нишаст унвон кард.
Сипас, Сардори шуъбаи пешгирии ҷиноятҳои коррупсионии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мутавалиён Шоира Абдувалӣ чанд ҳолатҳои ошкоршавии амалҳои коррупсиониро ошкор кард. Номбурда дар суханрониша аз вазъи куунинии ин ҳолат изҳори нигарони намуда аз ҳозирондаъват ба амал овард, ки барои аз байн бурданиҳолати баамаломада ҳамаҷониба кушиш намоянд. Нозири шуъбаи пешгирии ҷиноятҳои коррупсионии вилоят Назариён Восилбек Қурбондар баромади хеш оиди ба амалҳои коррупсиони даст задани шахсони мансабдор ҳарф зад.
Бо мақсади мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии ин амали номатлуб дар кишвар маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки барои решакан намудани ин равандро ба танзим медарорад.
Иштирокчиёни ин вохӯрӣ ба он назар аст, ки беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум ва боло бурдани маоши кормандон аз қадамҳои мубориза бо ин зуҳурот аст.
Маркази иттилоот ва таҳлил