​Озмуни “Олими ҷавони сол-2020” дар бахши илмҳои дақиқ ҷамъбаст гардид

Озмуни “Олими ҷавони сол-2020” дар бахши илмҳои дақиқ байни муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъбаст ва ғолибон қадр гаштанд.

Дар бахши илмҳои илмҳои дақиқ Мунзифа Алиева – сармуаллимаи кафедраи технология ва методикаи таълими он мақоми аввалро касб намуда, бо медал, диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардид.

Ба ин тартиб мақоми дуюм насиби Музаффарҷон Дадобоев – сармуаллими кафедраи геоэкология ва методикаи таълими он гашта, мавқеи сеюмро Муҳамадӣ Раҳматов–муаллими кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт касб намуданд ва бо диплому мукофоти пулӣ тақдиронида шуданд.

Хотирнишон менамоем, ки дар Озмуни байналхалқии “Беҳтарин олими ҷавон-2020”, ки дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкати фаъолона дошта, 2 нафар бо медал ва дипломи дараҷаи 1 сарфароз шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ