Маҳфил: “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”

Маҳфили илмӣ-амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳииинформатика таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бо иштироки донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ доир гардид.

Дар кори маҳфил муовини декан оид ба тарбияи факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Собирова Назира иштирок намуд. Мудири кафедра дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов ҳадафи маҳфилро шарҳ дода, ҷиҳати мунтазам ва самаранок баргузор шудани кори он маслиҳатҳои муфид ироа намуд.

Дар доираи маҳфил озмун ташкил шуда, дар он иштирокчиён аз рўи се шарт “Саволу ҷавоб доир ба компютерҳои фардӣ”,“Кор бо тахтаи интерактивӣ”,“Дохил намудани матн дар барномаи виросторони матнӣ MS WORD” маҳоратсанҷӣ намуданд.

Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ҷойи якум ба донишҷӯ Абдуллоева Меҳрона, ҷойи дуюм ба Гадоева Махфуза ва ҷойи сеюм баЭрйигитова Дилшода сазовор дониста шуд.

Ба ғолибон ифтихорномаи ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ