​Солимии ҷомеа – солимии миллат

То имрӯз дар Тоҷикистон бештар аз 12000 нафар ба бемории COVID-19 коронавирус сироят ёфта, аксарият шифо ёфтанд. Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории мазкур ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, чораҷӯӣ ва тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Бо супориши раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар факултети забонҳои хориҷӣ бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории COVID 19 комиссияи ситоди муваққатӣ амал мекунад, ки аз 17 нафар устодон иборат аст. Чунончӣ, раиси кумитаи иттифоқи касабаи факултет, номзади илмҳои филология, дотсент Мунира Ҳомидова иброз дошт, баҳри пешгирии бемории мазкур дар факултет тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Аз ҷумла, дар даромадгоҳ, роҳравҳо, синфхонаҳои таълимӣ, утоқҳои корӣ, толорҳои лексионӣ моҳе ду маротиба корҳои безараргардонӣ анҷом дода мешавад.

Ба гуфтаи Мунира Ҳомидова ҳар сол дар фасли зимистон бемории зуком ва дигар навъи бемориҳои сироятӣ хурӯҷ мекунад. Ҳавои сард ба паҳншавии бемории нави сироятии коронавирус низ мусоид буда, риояи бечунучарои қоидаҳои беҳдоштиро талаб мекунад.

Имрӯзҳо тамоми мардум кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тавсияҳои табибонро иҷро ва риоя карда, худ ва наздиконро аз сироятёбӣ ба бемории мазкур эмин нигоҳ доранд.

Тавре Мунира Ҳомидова зикр кард, доир ба пешгирии бемории вогир пайваста бо донишҷӯён мулоқоту сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд. Тез-тез шустани дастҳо, риояи масофаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ аз тавсияҳое мебошанд, ки ба таври доимӣ ба донишҷӯён талқин карда мешаванд.

Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ роҳи асосии пешгирии COVID 19 мебошад. Вале мутаассифона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҷавононе дучор мешавем, ки чунин талаботҳоро сарфи назар карда, бениқоб гаштугузор мекунанд. Ҳоло вазъ зери назорати ҷиддии мақомотҳои дахлдор қарор дорад. Аз ҷумла, дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар факултети забонҳои хориҷӣ талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ риоя гардида истодааст. Ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён мунтазам бо оби гарм ва собуни моеъгӣ дастони худро мешӯянд. Инчунин, бо маҳлули тиббӣ - антисептикӣ дастони худро тоза мекунанд. Дар факултет реҷаи ниқобӣ амал мекунад. Донишҷӯёну омӯзгорон ба дарс бо ниқобҳои тиббӣ омада, то қадри имкон масофаи иҷтимоиро нигоҳ медоранд. Онҳо хуб дарк кардаанд, ки солимии ҷомеа аз ҳар яки мо вобаста аст.

Дурахшон ҲОМИДҶОНОВА,

донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷӣ,

мухбири ҷамъиятии “Нури маърифат”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ