​Мизи мудаввар: “Ман оянда омӯзгор”

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ зери номи “Ман оянда омӯзгор” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо, муаммоҳои муҳими касби омӯзгорӣ, роҳҳои баланд бардоштани маҳорат ва малакаи таҷрибаи педагогӣ, душвориҳо дар самти маориф ва касби омӯзгорӣ ва роҳҳои бартараф намудани он ба муҳокима ва таҳлил гузошта шуд.

Мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, дотсент Олимҷон Маҳмудов сухан карда, гуфт, ки омӯзгорӣ касби пуршараф буда, дар таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавон, ва дар ин замина, дар ташаккули шахсияти соҳибмаърифату соҳибтахассус ва худшиносу ватандӯст саҳми босазо гузоштан ифтихори ҳар як соҳибпеша мебошад. Маҳз бо ҳидояти омӯзгор шахс соҳиби донишу маърифат ва маданияти шаҳрвандӣ гашта, моҳияти ҳаёту масъулияти ватану ватандориро дарк менамояд.

Пас аз он бо назардошти фаъолият, дониш, маҳорат, малака ва истеъдод як қаттор донишҷӯён бо ифтихорнома қадр гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ