Ситод: Пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ дар донишгоҳ
Дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷаласаи Ситоди донишгоҳӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, раиси Ситоди донишгоҳӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сирояти коронавируси COVID-19 , профессор Ҷамшед Ҷӯразода доир ба роҳандозии тадбирҳои муҳими раёсати донишгоҳ дар ҳифз ва беҳдошти саломатии устодон ва донишҷӯён сухан карда, гуфт, ки дар ин раванд устодону донишҷӯён бояд аз тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода намоянд.
Роҳбарияти донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати таъмин намудани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои духтарона бо ҳамшираи шафқат, харидории дастгоҳи ҳароратсанҷи электронӣ, таҷҳизоти барқии дастхушккунак, таҷҳизоти сенсерӣ барои маҳлули безараргардонӣ, захираи маҳлулҳои безараргардонӣ, аз қабили хлор, спирт, антисептик, собун, гипохлориди калций, ниқоби муҳофизатӣ, дастпӯшак ва ғайра дастурҳои мушаххас ироа намуд.
Дар идома, садорати факултетҳо баён доштанд, ки вазъи корҳои безараргардонӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, масофаи иҷтимоӣ аз ҷониби кормандон ва устодону донишҷӯён, ва ҳамчунин, назорати ҳамарӯзаи ҳолати санитарӣ ва эпидемологӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Илова карда шуд, ки аз ҷониби ситоди факултетҳо бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории мазкур ба кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни гуруҳҳои академикӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуда, ин тадбир минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Маркази иттилоот
ва таҳлили донишгоҳ