​Пешвои сулҳофар ва ҷонфидои миллат

Дар муддати 29 соли мавҷудияти Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми шарифи кишвар тавассути сиёсати оқилона ва пайгиронаи Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид ва аз ҳама муҳим низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд омад. Роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии волоро тақозо менамояд.

Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар шароити ниҳоят ҳассос баргузор шуд. Хушбахтона, бо душворӣ бошад ҳам, ин иҷлосия вазифаи таърихии худро анҷом дод. Фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Шӯрои Олӣ аз 19 ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарвари давлат) интихоб гардид, ки барҳақ ҳамон рӯзро мебояд ҳамеша чун рӯзи наҷоти миллат ва оѓози давлатсозиву баҳамоии халҳи тоҷик арҷгузорӣ намуд. Дар меҳвари нахустин суханронии сарвари тозаинтихоб сулҳу оштӣ, васлу тавҳид, ҷустуҷӯи роҳҳои ободии Ватан ва сарҷамъии миллат қарор дошт. Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи ин фарзанди фарзонаи миллат роҳи ояндаи халҳи тоҷик дар кори давлатдорӣ муайян ва минбаъд зиндагии орому осуда давра ба давра таъмин гардид. Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон мегӯянд: «…таҷриба нишон медиҳад, ки дар роҳи расидан ба сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ монеаҳои бартарафшаванда ҳариб, ки вуҷуд надоранд, ба шарте ки дар мадди аввал манфиатои миллат, манфиати давлат ва манфиати кулли сокинони ҷумҳурӣ ҳарор дошта бошад». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ба сулҳи бебозгашт ноил шудани мардуми азизи кишварамон ҳадафи аввалини Раиси ҷумҳур дар роҳи истиҳрори сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб меравад. Таҷриба собит намуд, ки роҳбари сулҳофари миллат Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, бо заҳмату талошҳои бесобиқа Тоҷикистони азизро аз вартаи ҷанг берун кашида, ба як кишвари шукуфону рӯ ба тараққӣ табдил дод. Ҳар коре, ки сардори давлат анҷом додааст, ҳама ба нафъи мардум ва ободии кишвар аст.

Санаи 9 декабри соли 2015 низ барои миллати тоҷику тоҷикистониён санаи таърихӣ ба ҳисоб меравад. Санаест, ки дар саҳифаҳои таърихи халқи мо бо хатҳои заррин сабт мегардад. Зеро дар ин рӯз мардуми Тоҷикистон фарзанди барӯманди миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро расман ба макоми Пешвои миллат пазируфт. Моҳи августи соли 2015 маводи дастҷамъонаи гурӯҳи маъруфи кишвар, академик Носирҷон Салимӣ ва декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад Самеъ дар бораи ба Ҷаноби Олӣ додани Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба табъ расид. Тавассутти расонахои ватанӣ 9 декабри соли 2015 таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид. Масъалае, ки вакилон мавриди баррасӣ қарор доданд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» буд. Ин қонун, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ якдилона пазируфта шуд, аз муқаддима ва 16 модда иборат аст. Дар муқаддиами қонуни мазкур аз ҷумла омадааст: «Бо мақсади тақвияти асосҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ санади мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар кунад». Тибқиин қонун ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардаанд, эътироф карда мешавад. Воқеан ашхосе, ки барои Ватан, пешравии кишвар, некӯахволии мардум, эҳёи тамаддуну фарҳанг талош меварзад, ба чунин мақоми баланд сазовор мегардад.Саҳифаҳои таърих исбот менамояд, ки ашхоси барои миллату мамлакати хеш хизматҳои беназир ва содиқона кардааст, подоши худро мебинад. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халҳу мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Хамчунин ҳусни тавваҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сарвари доною тавонои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои миллию умумибашарӣ иброз мегардад. Мардуми сарбаланди солҳои соҳибистиқлолӣ зиндагии осудаҳолона, тинҷиву оромӣ, пешравӣ ва ободкориҳоро ба шарофати талошҳои ҷоннисоронаи сарвари давлат соҳиб гаштаанд. Пешвои миллат баландтарин мақомест, ки миллат ба фарзанди далеру ҷасур ва хирадмандаш лоиқ медонад.

Дар ҳаҳиҳат, дастоварди бузургтарини халқи мо дар тӯли 29 соли истиқлолият ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати заҳмати бепоён, кӯшишу талошҳои ҷонсӯзонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

Солҳо паси сар мешаванд, асрҳо мегузаранд, наслҳои ояндаи миллати мо ба саҳифаҳои таърихи давлатдориамон назар меафкананд ва аз доштани чунин нобиға, ки лоиҳаи сулҳофаринашро башар таҳсин ва истифода кардааст, ифтихор мекунанд.

Раҳматова М.С. – дотсенти

кафедраи методикаи таълими

таърих ва ҳуҳуҳи ДДХ ба номи

академик Б.­ Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ