​ДДХ: сафари ҷавонон ба Шаҳристон

Як гуруҳ ҷавонони фаъоли донишгоҳ бо дастгирии ректори донишгоҳ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ба ноҳияи Шаҳристон сафар намуданд. Дар ин бора мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов хабар дод. Номбурда таъкид намуд, ки ташаббуси мазкур бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандкунии ҷавонони ташаббускори донишгоҳ амалӣ гардида, дар доираи эълон гардидани сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуд.

Ба ин иқдом беш аз 25 нафар ҷавонони донишгоҳ ҷалб гардида, таҳти роҳбарии мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев сафарбар шуданд. Гуфта шуд, ки ба ин гуруҳ донишҷӯёни лаёқатманду фаъол, ки давоми сол ба дастовардҳои наҷиб ноил гардида, нуфузи донишгоҳро баланд бардоштаанд, ҷалб шуданд.

Дар доираи сафар ба ноҳияи Шаҳристон ҷавонон аз мавзеъҳои сайёҳӣ дидан намуда, байни ҳам озмунҳои гуногуни маърифатӣ ва ҳунарӣ ташкил карданд, ки баҳри боз ҳам хотирмон шудани сафар заминаи мусоид фароҳам овард.


“Сафари мазкур дар партави дастуру супоришоти Пешвои муаззами миллат ва ибтикори роҳбарияти донишгоҳ маҳз ҷиҳати таъмини иштироки ҷавонон ба рушди соҳаи сайёҳӣ амалӣ шуд. Тадбири мазкур имкон фароҳам овард, ки ҷавонони донишгоҳ ба ҳам омада, донишу таҷрибаи хешро табодул намоянд ва бо нерӯи тоза ва ҳисси худшиносии баланд баҳри пешрафти донишгоҳ саҳми муассир гузоранд”- зикр намуд Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри ҳавасмандкунии ҷавонон як қатор иқдоми судманд амалӣ мешавад, ки чунин ташкили сафарҳои сайёҳатӣ аз зумраи онҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ