Конференсияи илмӣ-амалӣ дар факултети фиологияи рус
Бо ташаббуси кафедраи адабиёти рус ва хориҷии факултети филологияи рус конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Конференсия таҳти унвони «Рушди адабиёти муосири рус дар ибтидои асри XXI» доир гардид ва дар доираи он мавзӯъҳои мубрами адабиёти муосири рус, аз ҷумла тавсифи детектив ҳамчун жанри адабӣ, эҷодиёти Тимур Зулфиқоров, дорандаҳои ҷоизаи Нобели дар равияи адабиёти рус баррасӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз ташкили конференсияи мазкур равшан намудани паҳлуҳои гуногуни рушди адабиёти муосири рус дар оғози асри ХХI маҳсуб меёбад.
Маркази иттилоот ва таҳлил