​Истиқбол аз солгарди Артиши миллӣ дар донишгоҳ

Имрӯз дар факултети тарбияи ҷисмонӣ бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ ва фарҳангӣ-ҳарбӣ баргузор гашт.

Дар оғоз дастовардҳои илмиву варзишии устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт. Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои бештари варзишӣ ва тақвияти фаъолияти факултети тарбияи ҷисмонӣ дастурҳои мушаххас ироа намуд.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода бахши фарҳангии чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба 27-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки "Мо ба Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд". Мусалламан, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то кунун содиқона ба давлату миллат хидмат намуда, кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоламон ба ҳисоб рафта, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи мардум саҳми назаррас доранд.

Дар фароварди суханронии хеш ректори донишгоҳ аз дастовардҳои варзишии устодону донишҷӯён дар соли 2019 истиқбол намуда, гуфт, ки дар ин давра дастаи варзишгарони донишгоҳ иборат аз 108 нафар аз рӯи 7 намуди варзиш дар Спартакиадаи донишҷӯёни вилояти Суғд иштирок намуда, байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо гирифтани 73 тилло, 28 нуқра, 35 биринҷӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар натиҷаи ғолибият дар сатҳи вилоят 56 нафар донишҷӯён ба Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ роҳҳат гирифта, аз рӯи намудҳои гуногун иштирок ва бо гирифтани 21 тилло, 14 нуқра, 23 биринҷӣ байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро ноил шуданд.

Баъдан як қатор устодону донишҷӯён бо назардошти фаъолияти назарраси меҳнатӣ, хизматҳои арзанда дар соҳаи илму таълим, ташвиқи сиёсати давлатӣ, саҳми арзанда дар тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии донишҷӯён ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои варзишӣ бо мукофотпулӣ, диплом ва сипоснома қадр гаштанд.

Дар идома, аз ҷониби устодони санъат ва ансамбли созию овозии “Навои ҷавонӣ”-и донишгоҳ барномаи фарҳангиву ҳунарӣ пешниҳоди ҳозирин гашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ