​Шаҳодатномаи байналмилалии такмили ихтисоси устодони факултети филологияи ӯзбек

Дар маҷлиси раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба 10 нафар устодони факултети филологияи ӯзбек шаҳодатномаҳои такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти Тошкенти ба номи Алишер Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супорида шуд. Дар ин бора, Рухсора Нурматова, корманди шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ иттилоъ дод.

Ёдовар бояд шуд, ки10 нафар устодони факултети филологияи ӯзбеки донишгоҳ дар доираи шартномаи баимзорасидаи байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти Тошкенти ба номи Алишер НавоииҶумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2018 доир ба ҳамкориҳои илмӣ, илмӣ – таълимӣ, мубодилавии устодону донишҷӯён ва ташкили курсҳои такмили ихтисоси фанҳои дақиқу гуманитарӣ ва риёзиву ҷомеашиносӣ аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Курси мазкур аз санаи 04 – уми январи соли 2021 то санаи 30 –уми январи соли 2021 ба тариқи онлайн дар ҳаҷми 144 соат аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи забон ва адабиёти ӯзбек донишгоҳи зикргардида дар мавзӯи “Асосҳои назария ва методикаи таълими фанҳои забон ва адабиёти ӯзбек” гузаронида шуд.

Раёсати донишгоҳ ин иқдоми некро минбаъд низ идом дода, ҷиҳати аз такмили ихтисос гузаштани дигар устодони факулетҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ