​Натиҷагирӣ аз конференсияҳои илмӣ

Имрӯз 21-уми апрел, дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантону донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ”, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гашт.

Дар ибтидо табрикоти Раиси вилоятро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расонид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, гуфт, ки ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 874 омўзгор, аз ҷумла 54 нафар ё 6,2% доктори илм, профессор ва 409 нафар ё 46,7% номзади илм, дотсент фаъолият менамоянд, ки маҷмуъан, 52,9%-и теъдоди умумии омўзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд. Имрӯз дар ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 201 нафар ё 23% омӯзорони ҷавони то 35 сола фаъолият доранд, ки 53 нафар ё 6,6%-и онҳоро ҷавонони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Дар идома профессор Ҷамшед Ҷӯразода, аз дастовардҳои илмиву эҷодии устодон сухан карда, тазаккур дод, ки дар маҷмуъ, соли 2020 ва семоҳаи якуми соли 2021 дар донишгоҳ 3 рисолаи докторӣ ва 48 рисолаи номзадӣ бо муваффақият ба дифоъ расиданд. Ҳоло устодон бо 2 рисолаи докторӣ ва 10 рисолаи номзадии дигар ба дифоъ роҳ ёфтаанд, ки ин аз сатҳи омода намудани мутахассисони соҳибунвон ва хидматҳои бузурги олимони донишгоҳамон шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунин ректори донишгоҳ бо сарфарозӣ аз дастоварди донишҷўёни донишгоҳ дар озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ҳарф зада, гуфт, ки муҳассилини боистеъдоди донишгоҳ минбаъд низ дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, бо истифодаи нерӯи зеҳнӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба натиҷаҳои шоён шарафёб хоҳанд гашт.

Баён карда шуд, ки дар донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва Ҳафтаи илм 24 мизи мудаввар, 28 конференсия, 2 конференсияи онлайнӣ, 45 маҳфили илмӣ, 43 семинари илмӣ-назариявӣ, 37 озмун ва чорабиниҳои дигари илмӣ ташкил ва гузаронида шуд. Танҳо дар конференсияҳои донишгоҳӣ 1 754 маърӯзаи илмӣ дар бахшҳои гуногун ироа гардиданд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки имрўз ба рушди илмҳои муосир тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Ҷамшед Ҷӯразода дар фароварди сухан бо истиқбол аз баргузории озмуни “Замимаҳои мобилӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва рушд”, ки дар ҳамбастагӣ бо ширкатҳои Тселл, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Душанбе-Ситӣ, Имон-интернейшенел, Ҷамъияти саҳҳомии “Бонки Арванд”, ширкати “Сеганҷ”, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фаберлик–Душанбе” ва телевизионҳои маҳаллӣ баргузор гашт, сухан карда, ҳавасмандии донишгоҳро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда бо ширкату ҷамъиятҳои болозикр баён намуд.

Дар чорабинии мазкур, як қатор устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён баҳри дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ, натиҷаҳои шоён дар озмуну олимпиадаҳо, ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидан ва ҷамъбаст намудани конференсияи анъанавӣ қадр гардиданд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ