​Довталаб-2021: Ояндаи зебо аз интихоби дуруст вобаста аст!

Мехоҳед, ҳамчун муаллими физика, физика-математика дар яке аз муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намуда бошед! Ва ё дар соҳаи физика фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ бурда, методҳои гуногуни тадқиқотӣ ва технологияи компютериро азбар намоед. Ба ҳалли масъалаҳои гуногун бо истифодаи моделсозии математикии равандҳо ва объектҳо, таъминоти барномавӣ, коркарди методҳои самараноки ҳалли масъалаҳои табиатшиносӣ, техникӣ, икқтисодӣ ва идоракунӣ даст ёбед. Инчунин мутахассиси таъминоти барномавӣ-иттилоотии фаъолияти илмӣ, тадқиқотӣ, лоиҳавӣ-конструкторӣ ва истифодабарӣ-идоракунӣ гардида, аз таълими сикли фанҳои физика ва математика бохабар ва баҳравар шавед, пас...

Пас мо ба Шумо тавсия медиҳем, ки ихтисоси физика – математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро аз рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти рамзи 1 02 05 04 01 омадааст, дарёфт ва интихоб намоед!

Таълим дар ин ихтисос аз рӯи низоми бакалавр (5-сола, ҳамчун ихтисоси ҳамгиро) сурат мегирад. Шакли таҳсил рӯзона буда, намуди таҳсил ройгон ва шартномавӣ мебошад. Довталаб барои ба ихтисоси физика-математика дохил шудан аз рӯи кластери якум имтихон месупорад.

Мутахассисони ояндаи ихтисосҳои физика ва физика-математикаи дараҷаҳои "бакалавр", "магистр" ва доктори PhD дар корхона, ташкилот ва муассисаҳои таълимиву илмӣ фаъолият бурда метавонанд.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Бо донишгоҳи мо ояндаи худро дурахшон намо!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ