​Натиҷагирӣ аз конференсияҳои илмӣ

21-юми апрел, чорабинии хотимавии конференсияи анъанавии илмии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, “700-солагии Камоли Хуҷандӣ”, “5500-солагии Саразми Бостонӣ” ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гашт.

Дар оғоз намоиши дастовардҳои илмиву инноватсионии устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

Чорабиниро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки аз китоби муқаддаси «Авасто», ки онро Пешвои миллат «нахустқомуси миллат» номидаанд, сарчашма гирифтани тамоми илмҳои ҷаҳонӣ аз таърихи чандинҳазорсола доштани илму маорифи миллии мо таъкид меварзад. Дар баробари ин дар тамоми давру замон, хоса замони давлатдории Сомониён ба муҳити дарбор ва атрофи шоҳону амирон ҷалб шудани аҳли илму маориф гувоҳ бар он аст, ки дар сиёсати давлатдории миллии тоҷикон нақши илму маориф бузург буда, ба заҳмати олимону донишмандон арҷ гузошта мешавад.

Гуфта шуд, ки дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ ҳамин шеваи муносибат ба илм ва аҳли илм ба шоистагӣ амалӣ мешавад. Муқаррар гардидани чандин ҷоизаҳои давлатӣ дар соҳаи илму маориф, баргузории мулоқоту вохўриҳои Пешвои миллат бо аҳли зиёи мамлакат ва тадбирҳои дигар худ гувоҳи ҳақиқати ин амр аст. Имсол дар мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли зиё махсусан ба масъалаҳои рушди илми тоҷик, хоса илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ таваҷҷўҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар замони тезтағйирёбандаи илму техника омода намудани мутахассисони соҳаи мазкур барои хоҷагии халқи кишвар ва амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноатикунонии истеҳсолот хеле саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

Дар идома ректори донишгоҳ доир ба рушди соҳаи илму маориф дар партави сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда,баён дошт, ки роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳадафи татбиқи сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи давлату ҳукумати кишвар корҳои муайяну созандаеро роҳандозӣ намудааст.

Ректори донишгоҳ зимни баромади хеш арз кард, ки аз дуюми марти соли ҷорӣ дар донишгоҳ ҳафтаҳои илм оғоз ёфта, дар доираи он беш аз 700 чорабиниҳои илмӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Давоми ҳафтаи гузашта бошад, конференсияи илмӣ-анъанавии умумидонишгоҳӣ бахшида ба “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаирушди илмҳоитабиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, “700-солагииКамоли Хуҷандӣ”, “5500-солагии Саразми бостонӣ” ва “Рӯзи илми тоҷик” доир гардид, ки дар кори бахшҳои он 1728 маърўзаҳои илмӣ шунида шудаанд. Дар аксари маърўзаҳо масоили мубрами илмҳои мухталиф, хоса самтҳои ҷудогонаи илмҳои дақик, табиатшиносӣ ва риёзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар чорабинии мазкур, як қатор устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён баҳри дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ,натиҷаҳои шоён дар озмуну олимпиадаҳо, ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидан ва ҷамъбаст намудани конференсияи анъанавии қадр гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ