​Мулоқот бо хатмкунандагони шаҳри Конибодом ва ноҳияи Б. Ғафуров

Бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои соли таҳсили 2020-2021 устодони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом ва ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар гаштанд.

Устодони факултет бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, летсей ва гимназияи шаҳри Конибодом ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №57 ва 36-и ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуда, доир ба пешравию дастовардҳо, ихтисосҳои замонавии донишгоҳ маълумот доданд.

Зимни мулоқот зикри ин нуқта рафт, ки рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст, ки хатмкунандагон бо интихоби яке аз ихтисосҳо, ба гирфтани унвони донишҷӯӣ сазовор гашта, дар оянда баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ