Гул рамзи баҳор аст
Бахшида ба ҳафтаи илм дар факултети биология ва химияи МДТ “Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” чорабинии илмӣ таҳти унвони "Гул рамзи баҳор аст" бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гашт.
Дар чорабинӣ мудири кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо, дотсент Роҳат Ҳакимова баромад намуда, оид ба навъҳои гул, хусусият ва парвариши он ба ҳозирин маълумот дод.
Баъдан байни донишҷӯёну устодон доир ба тарзу усули парвариш ва мутобиқгаронии навъҳои гул, ки аз хориҷ ба кишвар ворид мешаванд мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қаюмова Дилфузахон - аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"