​Таҳти унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” конференсияи вилоятии илмӣ-амалии магистрантон баргузор гашт

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонон конференсияи вилоятии илмӣ-амалии магистрантон таҳти унвони“Мақоми ҷавонон дар рушди илм” баргузор гашт.

Дар ибтидо муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабурӣ сухан карда гуфт, ки дар донишгоҳ 500 магистр аз рӯи 23 ихтисос таҳсил менамоняд. Иштироки онҳо дар конфеференсиву озмунҳои гуногуни минтақавӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, озмуни донишгоҳии “Магистранти сол”, озмуни вилоятии “Стипедияи Раиси вилояти Суғд”,озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,“Илм - фурӯғи маърифат”басо назаррас буда, ҳар сол зиёда аз 30 нафар сазовори дастовардҳову ҷоизаҳои баланд мегардаднд. Боиси ифтихор аст, ки мақолаҳои илмии магистрантони донишгоҳ на танҳо дар маҷаллаҳои илмиикишвар, балки берун аз он низ нашр гардида, муаллифон соҳиби сертификат мегарданд.

Гуфта шуд, ки конференсияи вилоятииимагистратон дар доираи баргузории 20 рӯзи ҷавонӣ конфренсияи бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари онҳо ба анҷоми корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, дарёфти ҷавонони лаёқатманду иқтидори бурдани тадқиқиотҳои илмӣ дошта ва мусоидат намудан ба пешниҳоди ақидаҳои наву ҷолиб ба роҳ монда шуд.

Дар идома, Бахтиёр Саидов - доктаранти соли аввали ихтисоси таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобҷон Ғафуров, Анисахон Қавизода - магистранти соли дуюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобҷон Ғафуров, МанучеҳрМузаффаров – магистранти соли дуюми ихтисоси таъмини барномавии технологияи иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Мавзуна Ҷумъаева – магистранти соли дуюми ихтисоси молия ва қарзи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Нилуфар Қосимова – магистранти соли якуми ихтисоси молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба масоили “Пешвои миллат ва таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон”, “Мирзо Турсунзода – вассофи дӯстии халқҳо”, “Истифодаи алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ дар таъминоти барномавии китобхонаи рақамӣ”, “Бюджетная система Таджикистана и её сотояние ва услових пандемии”, “Даврони ҷавонӣ айёми омӯзиши илму ҳунар” маърӯза намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки конференсияи вилоятии илмӣ-амалии магистрантон таҳти унвони“Мақоми ҷавонон дар рушди илм” фарогирии 150 маърӯза дар 14 бахш ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ