Бурсияҳои таҳсилии Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022

Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022 аз рӯи зинаҳои бакалавриат (4-5 сол), магистратура ва PhD (2+2 сол) бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намудааст.

Таҳсил дар донишгоҳҳои Венгрия бо забонҳои венгерӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёне, ки таҳсилро бо забони венгерӣ ба роҳ мемонанд, соли аввал курси омӯзиши забони венгериро гузашта, аз соли дуюм аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон таҳсил менамоянд.

Донишҷӯёне, ки таҳсилро бо забони англисӣ интихоб менамоянд, дар соли аввали таҳсил курси забони венгериро низ дар қатори дигар фанҳо омӯхта, дар охири сол аз он имтиҳон месупоранд. Дар сурати нагирифтани холи қаноатбахш аз он, маблағи стипендияи онҳо барои солҳои минбаъда кам карда мешавад.

Донишгоҳҳои Венгрия вобаста ба ихтисосҳои гуногун сертификатҳои сатҳи байналмилалии TOEFL, IELTS ва инчунин, сертификатҳои намунаи Advance ва Upper – Intermedate-ро талаб менамоянд. Аз ин лиҳоз, ба довталабон зарур аст, ки пеш аз интихоби донишгоҳ ва ихтисос ба талаботҳои вобаста ба сертификати забондонӣ пешниҳоднамудаи онҳо шинос шаванд.

Дар доираи бурсияҳои мазкур ҷониби Венгрияи чунин шароитҳоро пешниҳод намудааст:

- Таҳсили ройгон;

- Хобгоҳи ройгон;

- Суғуртаи тиббӣ;

- Стипендияи моҳона - барои донишҷӯёни зинаҳои бакалавр ва магистратура 120 евро ва барои донишҷӯёни зинаи PhD 415 евро (2 соли аввал), 530 евро (2 соли охир) пардохт карда мешавад.

Қабули хуҷҷатҳо тариқи онлайн дар сомонаи https://apply.stipendiumhungaricum.hu то санаи 15 январи соли 2021 идома меёбад. То ин муддат довталабон бояд, ки худро дар сомонаи мазкур тариқи онлайн номнавис намуда, тамоми ҳуҷҷҷатҳои лозимаро дар шакли электронӣ (сканершуда) ба кабинети инфиродии худ пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳо ва талаботи асосӣ:

1. Анкета - тариқи онлайн бо забони англисӣ пур карда, сурат гузошта шавад;

2. Мактуби ҳавасмандӣ - (motivation letter) бо шрифти Times New Roman (ҳаҷми ҳарф 12) на камтар аз як саҳифа;

3. Ҳуҷҷати тасдиқунандаи дараҷаи забондонӣ (сертификат) бо тарҷумаи забони интихобнамудаи таҳсил;

4. Транскрипсияи баҳо бо тарҷумаи забоне, ки товталаб таҳсилро интихоб намудааст;

5. Маълумотномаи тиббии шакли байналмилалӣ, маълумотнома оид ба ВИЧ/СПИД (AIDS), гепатитҳои A, В ва С (бо тарҷумаи забони англисӣ дар сурате, ки маълумотномаҳо бо забони тоҷикӣ дастарс шуда бошанд);

6. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ (довталабоне, ки шиносномаи хориҷӣ надоранд, то дастрас намудани он метавонанд шиносномаи тоҷикии худро пешниҳод намоянд);

7. Аттестат – (танҳо барои зинаи бакалавр) аттестати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарҷумаи он бо забони интихобнамудаи таҳсил (англисӣ ё венгерӣ);

8. Диплом - барои магистратура дипломи муассисаи таҳсилоти олӣ ва тарҷумаи он бо забони интихобнамудаи таҳсил;

9. Нақшаи тадқиқотӣ (research plan) (танҳо барои зинаи PhD);

10. Ду тавсиянома (recommendation letter).

11.Тасдиқнома (declaration) – дар сурате, ки довталабон дар соли охири таҳсил қарор доранд ва ҳоло аттестат/дипломи худро дастрас накардаанд, ҳангоми номнависӣ (регистрация) маълумотнома аз муассисаи худ оид ба таҳсил ва тасдиқнома бо имзои шахсии худ дар хусуси то санаи 1-уми августи соли 2021 пешниҳод намудани аттестат/дипломи худ манзур намоянд.

Инчунин, довталабоне, ки сертификатҳои забондонии худро ҳоло дастрас накардаанд, ба онҳо низ зарур аст, ки тасдиқнома (declaration) бо имзои шахсии худ дар хусуси то санаи 1-уми августи соли 2021 пешниҳод намудани сертификати худ манзур намоянд.

Нусхаи аслии ҳаммаи ҳуҷҷатҳои зикршударо бо забони интихобшудаи таҳсил тарҷума намуда, дар шакли электронӣ (сканершуда) ба кабинети инфиродӣ бояд ҷойгузорӣ карда шаванд.

Довталабон метавонанд ба ғайр аз ихтисоси интихобнамудаашон, ихтисоси дуюми иловагӣ низ (ба ғайр аз ихтисосҳои тиббӣ) интихоб намоянд. Дар сурате, ки довталаб аз имтиҳони ихтисоси интихобнамудааш ноком мегардад, он ба имтиҳони ихтисоси иловатан интихобнамудааш роҳ меёбад.

Маълумоти муфассал дар сомонаи болозикр бо забонҳои англисӣ ва венгерӣ дастрас мебошад.

Тамос: Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: +992 (37) 2213033

Email: umomort@gmail.com


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ