​2 ҷойи ифтихории муҳассилини ДДХ дар озмуни ҷумҳуриявӣ

Дастпарварони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” фаъолона ширкат намуда, 2 мақоми ифтихориро соҳиб гаштанд.

Бунёд Абдуазимов – донишҷӯи соли панҷуми факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни мазкур аз рӯйи равияи математика (тахассусӣ) мақоми дуюм ва Фаррух Ҳошимбоев – соли чоруми факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотии донишгоҳ аз рӯйи равияи технологияҳои иттилоотӣ (тахассусӣ) мавқеи сеюмро соҳиб гашта, бо диплом ва маблағҳои пулӣ қадр шуданд.

Ҳамчунин, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои ҳамкориҳои судманд дар раванди ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” аз рӯйи равияҳои математика ва технологияҳои иттилоотӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо сипсонома тақдиронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ