Артиши миллӣ – мактаби ҷасорат

Таҷрибаомӯзони факултети забонҳои хориҷӣ дар мактаби №5 шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ чорабинӣ доир намуданд.

Ин иқдом ҷиҳати сазовор таҷлил намудани рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳисси ватандӯстии хонандагон ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинӣ устодони факултет ва омӯзгорони мактаб ширкат намуданд.

Аз ҷониби таҷрибаомӯзон доир ба мақсади ташкили чорабинӣ маълумот дода шуда, оид ба аҳамият ва зарурияти таҷлили рӯзи Артиши миллӣ иттилоъ дода шуд.

Таъкид гардид, ки Артиши миллӣ мактаби ҷасорат буда, хидмат дар он вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони баномуси миллат аст.

Ҳамзамон, аз хонандагон дар васфи Ватан, модар, сулҳ ва ваҳдат шеърҳо қироат гардид.

Иҷрои суруд таҳти унвони “Тобиши қасам” ва рақси зебои гулдухтарон ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшида, аз фазои оромиву осудагии Тоҷикистони азиз шаҳодат медод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ