​Таҷлили 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ

Имрӯз 23-юми феврал, дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, баён намуд, ки артиш дар тамоми масири таърихи инсоният ба унвони яке аз муҳимтарин рукн ва пояи давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи Ватан, марзу бум, сулҳу суббот, оромии кишвар, мардум бо ному фаъолияти босамари он иртиботи қавӣ дорад. Таърихи пуршарафи ниёгони мо дар саҳифаҳои хеш ҷасорату корнамоии ҳазорон сарбозони сарсупурдаи Ватан - фарзандони диловари хешро маҳфуз доштааст, ки аз эҳсоси баланди вантандории онҳо ва нақши калидии артиш дар роҳи пойдории озодиву истиқлол ва ҳифзи Ватан ҳикоят мекунанд.

Гуфта шуд, ки Сарвари давлат сафҳои Артиши миллиро на танҳо ҷои адо кардани қарзи фарзандиву оини ватандорӣ, ҳамчунин мактаби камолоти инсонӣ ва шуҷоати мардонагӣ ҳисобида чунин таъкид намудаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шучоату мардонагӣ омўхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дўст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хидмат дар сафҳои артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзанди ҳар ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан – муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номвари мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунад, аз хидмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад. Даъват ба хидмати ҳарбӣ барои ҷавонон бояд ид бошад».

Илова гашт, ки таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки воқеан дар ҳаёти мамлакати мо яке аз рўйдодҳои муҳим ва сарнавиштсоз маҳсуб меёбад, дар фазои ниҳоят мураккаб ва болоравии вазъи муташанниҷи сиёсӣ бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Дар идомаНазрӣ Назризода, муовини командири боталйони қисми ҳарбии №56-и Гвардияи миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, баён дошт, ки таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар як ҷои комилан холӣ, дар шароите, ки дар қаламрави Тоҷикистон пояҳои моддиву техники зарурӣ мавҷуд набуд, бунёд гардид. Мероси низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравии пошхўрда ба ихтиёри ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол гузашт ва Тоҷикистон ба гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ рў ба рў шуда, аз ин мерос бенасиб монда ва чи тавре, ки Пешвои миллат борҳо зикр намуда буданд, аз Артиши шўравии муқтадир ҷумҳурии мо ҳеҷ як меросе ба даст наовард ва мо таъсиси Артиши миллии худро аз сифр ё бо ибораи дигар аз ҳеҷ, дар ҷои холӣ оғоз намудем. Бо вуҷуди вазъи ниҳоят мураккаби иқтисодӣ, молиявӣ бо саъю кўшиш ва таҳти раҳнамоии Раиси тозаинтихоби Шўрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон имкон ва тавон пайдо гардид ва ин яке аз аввалин иқдомоти муҳим дар Иҷлосияи XVI – уми Шўрои Олии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии мамлакат роҳандозӣ гардид.

Ҳамчунин номзади илмҳои таърих, дотсент Шавкат Шарипов дар мавзӯи “Артиши миллӣ - сипари боэътимоди ҳифзи истиқлолият” маърӯза намуда, арз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри таъмини моддиву техникии қисмҳои низомӣ ва дастгирии иҷтимоии ҳайати шахсӣ, ғамхорӣ нисбат ба сарбозон, афсарон ва оилаҳои онҳо пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад. Маҳз бо саъю кўшиш, талошҳои пайгиронаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон имрўз дар як марҳилаи рушду такомули ҳамаҷонибаи хеш қарор дошта, дар миёни неруҳои ҳарбии кишварҳои дигар бо қудрату тавонӣ, обу тоби ҷангӣ, омодабошӣ ва неруи сиёсиву маънавии худ чун яке аз артишҳои аз лиҳози лавозимоти ҷангии муосир хуб мусаллаҳ мақом ва манзалати хешро пайдо кардааст.

Дар идома 20 нафар устодону кормандони донишгоҳ барои хизматҳои арзанда дар самти илму таълим, ҷоннисориҳо дар майдонҳои набарди Афғонистон, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобел ва саҳми арзанда дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии донишҷӯён ба мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гаштанд.

Баъдан барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби донишҷӯён ва дастаи созию овозии "Навои ҷавонӣ"-и донишгоҳ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ