​Тақдими шаҳодатнома ба иштирокчиёни семинари “Тафаккури интиқодӣ: муаммо ва ҷустуҷӯ”

Имрӯз 24-уми июн, маросими супоридани шаҳодатнома ба 25 нафар иштирокчиёни семинари “Тафаккури интиқодӣ: муаммо ва ҷустуҷӯ”, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 5 рӯз идома ёфт, ҷараён гирифт.

Рухсора Давлатзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва яке аз тренерони семенар - Абдураҳим Ҷӯраев, мушовири Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба иштирокдорон шаҳодатномаҳоро тақдим намуданд. Дар ин бора, аз шуӯбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ иттилоъ доданд.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури интиқодии омӯзгорон семинари 5 рӯза ташкил гардида буд. Семинари мазкур ба мавзӯи “Тафаккури интиқодӣ: муаммо ва ҷустуҷӯ” бахшида шуда, он бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди мадад” дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф таҳкими дониши иштирокчиён дар самти тафаккури интиқодӣ унвон мешавад.

Тавре хабар дода будем, барои иштирокчиён тренерон Абдураҳим Ҷӯраев – мушовири Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Зулайхо Усмонова – доктори илмҳои фалсафа, корманди институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи фанҳои Тоҷикистон ва Содиқов Мунаввар – аъзои Ассотсиатсияи тафаккури интиқодӣ доир ба мавзӯи мавриди баррасӣ маълумот дода, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии онҳо кӯшиш намуданд.

Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик тафаккури интиқодӣ ҳамчун фанни таълимӣ дар раванди таълими донишгоҳҳо ҷорӣ карда шавад. Баргузории чунин семинар барои омода намудани мутахассисони ҳамин фан мусоидат хоҳад намуд

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ