​Натиҷагирӣ аз конференсияҳои илмӣ

22-юми апрел, ҷаласаи хотимавии конференсияи анъанавии илмии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик дар Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.

Дар оғоз намоиши дастовардҳои илмиву инноватсионии устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар даромадгоҳи театр ба марази тамошо гузошта шуда буд, мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

Чорабиниро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, суханро ба сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Олимҷон Мирмухаммедов вогузошт. Номбурда, аз номи роҳбарияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд устодону донишҷӯёни донишгоҳро бо Рӯзи илми тоҷик шодбош намуд.

Дар идома ректори донишгоҳ доир ба рушди соҳаи илму маориф дар партави сиёсати маънавибунёдиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда,баён дошт, ки роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳадафи татбиқи сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи давлату ҳукумати кишвар корҳои муайяну созандаеро роҳандозӣ намудааст.

Ректори донишгоҳ зимни баромади хеш арз кард, ки дар доираи Рӯзи илми тоҷик як қатор семинару маҳфилҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, ҷаласаҳои намунавӣ, конференсияҳо, муаррифии китобҳои соҳавӣ, викторинаҳои илмӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардиданд. Бино ба маълумоти роҳбарияти донишгоҳ, дар чорабиниҳои илмӣ бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик дар бахши устодону муҳаққиқони ҷавон 741 маърӯза, дар бахши докторантону магистрантон 245 маърӯза ва дарбахши донишҷӯён 660 маърӯза дар маҷмӯъ, 1664 маърӯза бо фарогирии масъалаҳои муҳимтарини илми муосир мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.

Дар чорабинии мазкур, бо фармоиши ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода як қатор устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён баҳри дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ,натиҷаҳои шоён дар озмуну олимпиадаҳо, ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидан ва ҷамъбаст намудани конференсияи анъанавии илмӣ бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик бо медал, диплом, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадр гардиданд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби дастаи созию овозии «Навои ҷавонӣ»-и донишгоҳ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ