​Маҳфили “Андеша”: Паёми Пешвои миллат – роҳнамои фардои обод

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии маҳфили тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои фардои обод” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои таърих, профессор Аюб Усмонов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Хайёмиддин Исмоилов, мутахассиси пешбари шуъбаи тарбия Хушрӯз Ҷамолзода, мутахассисони шуъбаи кор бо ҷавонон Иззатулло Иброҳимов, Муталиб Маҳмудов ва ҳайати маҳфил иштирок намуданд.

Муовини ректор оид ба тарбия, профессор Аюб Усмонов дар суханронии худ зикр дошт, ки “Воқеан Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз ва ҳидоятгари аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон ба фардои дурахшон мебошад. Дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешрафти манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми худ зикр доштанд, ки “Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад”. Ҳамчунин Сарвари давлат дастур доданд, ки “Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад”.Дастгирии ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати кишвар Шумо - ҷавононро бори дигар водор месозад, ки ҷиҳати баланд бардоштани илму маърифати худ бештар саъю талош намоед.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Хайёмиддин Исмоилов сухан карда, афзуд, ки “Маҳз туфайли таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон - нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳаёти мамлакат эътироф гардида, масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Давоми соли 2020 сазовор гардидани 14 нафар донишҷӯ ба стипендияи президентӣ, 3 нафар стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 нафар стипендияи Раиси вилоят, 6 нафар стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, инчунин ғолибияти 6 нафар ҷавонон дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, 7 мақоми ифтихорӣ дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва даҳҳо дастовардҳои дигари ҷавонони донишгоҳ шаҳодатгари гуфтаҳои боло мебошанд.

Дар охир зикр гардид, ки ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор ва худшиносии миллӣ дар ҳифзу таҳкими ғоя ва арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саъю талош намуда, Паёми Пешвои миллатро дастури амалии хеш қарор медиҳанд ва дар ободиву пешрафти кишварамон нақши арзишманд мегузоранд.

Маҳфил бо табодули афкори иштирокдорон ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ