​Ба таваҷҷуҳи магистрантон

Бо мақсади таҳким бахшидан ба раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муаррифии натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии магистрантон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” озмуни умумидонишгоҳии “Магистранти сол" гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур дар нимсолаи дуюми таҳсил дар ду давр: даври якум дар факултетҳо то 29-уми ноябр ва даври дуюм дар Раёсати донишгоҳ (байни ғолибони даври якум) моҳи декабр гузаронида мешавад.

Озмун аз рӯи шартҳои зерин доир ва баҳогузорӣ карда мешавад:

• донишазхудкунии магистрантон;

• шумораи мақолаҳои аз чоп баромадаи магистрантон;

• суҳбат оид ба мавзӯи илмии магистрантон ва муаррифии

натиҷаи корҳоиилмӣ-тадқиқотии онҳо (дар давраи таҳсил дар

магистратура);

• донистани забонҳои хориҷӣ;

• ҷаҳонбинии сиёсии магистрантон.

Барои ғолибон чунин ҷойҳо муайян шудаанд:

Дар риштаи ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ:

Ҷойи аввал – як ҷой

Ҷойи дуюм – ду ҷой

Ҷойи сеюм – ду ҷой

Дар риштаи ихтисосҳои ҷомеашиносӣ:

Ҷойи аввал – як ҷой

Ҷойи дуюм – ду ҷой

Ҷойи сеюм – ду ҷой

Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо сипоснома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ