Ташрифи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ
Сафири Фавқуллода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сервантюк Василий Николаевич ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.

Дар ибтидо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикикистон Сервантюк В.Н. бо ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва ҳайати роҳбарикунада аз осорхонаи донишгоҳ дидан намуданд.

Директори осорхона, дотсент Рустам Юлдошев зимни муаррифии осорхона қайд кард, ки як қатор устодони донишгоҳ дар донишгоҳҳои Украина таҳсил карда, рисолаҳои илмӣ дифоъ намудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳанӯз аз давраҳои аввали таъсиси донишгоҳ дӯстии халқи Украина ва Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шуда буд.

Сипас, ҳозирин дар гербарияи факултети биология ва химия бо корҳои илмии Комаров Богдан Михайлович, ки аз Украина аст, шинос гардиданд.

Пас аз он, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сервантюк В.Н. оид ба ҳамкории минбаъдаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишгоҳҳои Украина табодули афкор доштанд.
Маркази иттилоот
ва таҳлили донишгоҳ