Ташриф ва ҳадяи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба донишгоҳ
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд, Раиси ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сирояти коронавируси COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ташриф овард.
Раиси вилояти Суғд бо вазъи корҳои безараргардонӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, масофаи иҷтимоӣ аз ҷониби кормандон ва устодону донишҷӯён, назорати ҳамарӯзаи ҳолати санитарӣ ва эпидемологӣ, вусъати корҳои таблиғотиву ташвиқотии факултетҳои донишгоҳ, ва ҳамунин, раванди таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон шиносоӣ пайдо намуда, ҷиҳати беҳтар гардонидани сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва афзун намудани дифои рисолаҳои номзадиву докторӣ дастурҳои мушаххас ироа кард.
Инчунин, Раиси вилоят аз синфхонаҳо боздид карда, аз устодон ва донишҷӯён даъват ба амал овард, ки қоидаву тавсияҳои муқарраршудро ба таври ҳатмӣ риоя ва барои таъмини саломатии худу атрофиён масъулияти бештар эҳсос намоянд.
Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баён намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати корҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва қарору тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19), инчунин тавсияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз ва беҳдошти саломатии кормандон ва устодону донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар охир аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва дигар иншоотҳои донишгоҳ китобҳои тозанашр, маҳлулҳои безараргардонӣ (хлор, спирт, антисептик, собун, гипохлориди калций, маҳлул барои тоза намудану дару тиреза, ниқоби муҳофизатӣ, дастпӯшак ва ғайра) тақдим гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил