Дарёфти Ҷом ва касби ҷойҳои ифтихорӣ дар Олимпиадаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар Олимпиадаи мазкур 7 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти илмҳои математика, физика, геология, астрономия, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби Ҷоми академия ва мақоми аввал, дипломҳои дараҷаи 2-юм, 3-юм ва ифтихорнома гардиданд.

Ба ин тартиб Мавзуна Хабилова – донишҷӯи ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат дар самти илми геология мақоми аввалро соҳиб гашта, Ҷоми академияро ба даст овард. Ҳамчунин, Бунёд Абдуазимов – донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси математика, Парвина Султонова -донишҷӯи соли 3-юми ихтисоси химия ва Гулбаҳор Умарова – донишҷӯи соли 3-юми ихтисосифизика бо дипломҳои дараҷаи 2-юм, Шомурод Шодиев – донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси физика, Шӯҳратҷон Азизов –донишҷӯи ихтисои биология бо дипломҳои дараҷаи 3-юм ва Фаррух Ҳошимбоев – донишҷӯи соли сеюми ихтисоси таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ бо ифтихорнома қадр гаштанд.

Мавриди зикр аст, ки Олимпиадаи мазкур, бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омўзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва инчунин, муайян намудани донишҷўёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ба роҳ монда шуда, ба ғолибон имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD дода мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ